ФУТБОЛ. Имрӯз дар Душанбе маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон-2022 баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 март дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 оид ба футбол доир гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар чемпионати Тоҷикистон даҳ даста баромад мекунанд. Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «КМВА»-и шаҳри Душанбе, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ , «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод мебошанд.
Тибқи натиҷаи қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон дар соли 2022 дар даври аввал дастаҳои зерин бо якдигар бозӣ мекунанд:
- «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан
- «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб
- «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд
- «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «КМВА»-и шаҳри Душанбе
- «Регар-ТАДАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






