ИҚДОМИ ШОИСТА. Муҳаммад ғалабаи худро ба модарон бахшид ва аввалин шоҳҷоизаи худро ба ятимон тӯҳфа кард

Март 8, 2022 17:32

ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Модар 26-уми феврали соли равон дар маҳаллаи Саидалӣ Вализодаи ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сарпарастии соҳибкорони ноҳия ташкил карда шуд, ки дар он варзишгарони номдори  Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд, хабар медиҳад halva.tj.

Паҳлавонони майдонро дар фарҷоми гӯштин ду Шоҳҷоиза (автомобил) интизор буд. Инчунин бо талабу дархости мухлисон ба номи паҳлавонон Саидшоҳ (аз ноҳияи Восеъ) ва Муҳаммад (аз ноҳияи Темурмалик), ки дар майдони мазкур ҳарду ҳам 4-нафариро мағлуб намуда буданд, як шоҳҷоиза гузошта шуд. Натиҷаи мусобиқаи ин ду варзишгар бо ғолибияти Муҳаммад ҷамъбаст гардид. Сипас Муҳаммад бо садои баланд  ба тамошогарон муроҷиат намуд ва гуфт:

«Мухлисони азиз, суханони шумо ва кафкӯбиҳоятон ба рӯҳияи ман таъсиргузор буд ва маҳз бо дастгириҳои шумо ман соҳиби ин Шоҳҷоиза гардидам. Аз ҳамаатон сипосгузорам! Зинда ва муваффақ бошед. Ман ин ғалабаи худро ба модарони азизамон мебахшам ва ин автомобилро ба Мактаб-интернати ятимони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик тӯҳфа мекунам!».

Бо шунидани ин суханон мавҷи кафкӯбию санохонии ҳозирин аз нав ба фазо печид: «Аҳсант!», «Офарин!», «Ҳалотат бод!».

Муҳаммад 19 сол дошта, ин шоҳҷоизаро дар майдони қуввасанҷӣ нахустин ва ин ғолибияташро дар ҳаёти худ муҳимтарин арзёбӣ намуд.

 

АКС: halva.tj

 

Март 8, 2022 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад