Имрӯз дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ оғоз мегардад

Март 25, 2022 09:14

ДУШАНБЕ, 25.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ оғоз мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар мусобиқа иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст.

Чемпионат миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад. Умуман, дар доираи чорабинӣ, дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзи аввали чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ аз рӯи намудҳои мусобиқаи даставӣ, мардҳо (24км), мусобиқаи даставӣ, занҳо (24км), мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳои имконияташон маҳдуд (24км) ва мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24км; 15км) баргузор мегарданд.

26 март

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, U-23 (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, ҷавонон (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, ҷавонон (15км)

27 март

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, U-23 (24км)

28 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)

Акс аз бойгонӣ

Март 25, 2022 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад