Имрӯз марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар соли 2022 оғоз шуд

Март 1, 2022 10:43

ДУШАНБЕ, 01.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2022 (ИМД-2022) оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барои аз қайд гузаштани довталабон дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, барои иштирок дар ИМД хоҳишмандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз он ки кадом муассиса(ҳо)-и таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон соли равон чунин муқаррар гардидааст:

— 240 сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;

— 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);

— 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст: шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд.

Шахсони зерин аз пардохти 50 фоизи маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд: шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюб.

Инчунин гуфта мешавад, ки агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм бошад ё кӯдаки маъюб дошта бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошанд, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.

Тавре манбаъ зикр намуд, ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб забони таҳсилро мушаххас интихоб карда наметавонад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Барои донишҷӯ гардидан довталабон бояд танҳо ба донишу малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2022, аз ҷумла истифодаи маҷмӯаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи марказ ва хизматрасонии «Худро бисанҷ» кумак мерасонад.

Маълумоти муффасалро доир ба пардохти хизматрасонӣ ва бақайдгирии ИМД аз сомонаи марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html) дастрас карда метавонед.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2022 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид