КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамбастагӣ бо МД «Ҳунарҳои мардумӣ» ҳамоиши бошукӯҳи наврӯзӣ оростанд

Март 19, 2022 09:06

ДУШАНБЕ,  19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин бора  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни маросими наврӯзӣ сокинони маҳаллаҳои Гулбутта, (Гулбутта-1,2,3,4, Гравзавод, Корвон) ва Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» дар ду тарафи роҳрави муассиса намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суфраҳои идонаи аз ҳафтсину ҳафтшин оросташуда, хӯрокҳои миллии «Оши палов», «Оши бурида», «Суманак», «Далда» ва дигар анвои хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки «маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Бо саъю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохта, эътироф карданд».

Роҳбари маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иброз дошт, ки «Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯи ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад».

 

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Март 19, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид