Маркази кӯдакону наврасони Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи байнидавлатии садо ва симои «Мир» базми наврӯзӣ оростанд

Март 17, 2022 17:12

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» ва  Муассисаи байнидавлатии садо ва симои «Мир» ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ин маъракаи наврӯзӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии   муқими Тоҷикистон ва меҳмонону сокинони пойтахт  иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳозиринро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи  Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати қудуми гулфишони Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ муборакбод гуфта, зикр кард, ки ин ҷашни  аҷдодии мо  таърихи зиёда аз  шаш ҳазорсола дорад.

«Наврӯзе, ки тавассути сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуд. Дубора дар кишвари Наврӯз суннатҳо ва арзишҳои наврӯзӣ зинда мешаванд ва мардуми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари Наврӯз ва Ватани Наврӯз мешиносанд. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз шаҳодати он аст, ки ин ҷашн барои тамоми сокинони сайёра ҷашни муқаддас аст», — афзуд Дилбар Одилзода.

Дар  ҷамъомади идона зикр гардид, ки мақоми байналмилалиро соҳиб шудани  Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд.

Сипас базми наврӯзӣ бо садои руҳбахши сурнаю карнай ва дафнавозии таълимгирандагони маҳфилҳои асбобҳои зарбию нафасии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» идома ёфт.

Кӯдакону наврасон бо ба бар намудани либосҳои идонаи баҳорӣ ба ҷашн ҷилои тоза бахшиданд.


Дастархони оростаи иштирокчиёни ин базми идона, ки бо риояи суннатҳои Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат дода шуда буд, як гӯшаи базмгоҳро шукӯҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни базм ҳамчунин  аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Сипас дар саҳни Муассисаи мазкур намоиши театрӣ, ки аз тарафи таълимгирандагон ташкил карда шуда буд, оғоз гардид.  Рақсу таронаҳои тараннумкунандаи фасли баҳору Наврӯз  ба маъракаи  наврӯзӣ  шукӯҳи хосса бахшиданд.

 

АКСҲО: АМИТ«Ховар»

Март 17, 2022 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад