Масъулини ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон роҳҳои ворид шудан ба бозорҳои интернетии ҷаҳониро омӯхтанд
ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) силсилавебинарҳо дар мавзӯи тиҷорати электрониро ба анҷом расонид, иттилоъ доданд дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба АМИТ «Ховар».
Ин омӯзишҳо бо ҳадафи боз кардани роҳи соҳаи нассоҷиву дӯзандагии тоҷик ба бозорҳои интернетии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва мусоидат ба инқилоби рақамии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ рӯи даст гирифта шуд. Вебинарҳои моҳи марти соли 2022 иштироккунандагонро бо бозорҳои минтақавии интернетии мӯд ва либос, лоиҳаҳои тиҷорати электронӣ, муҳимияти ҳузур дар интернет ва ҳамчунин истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурду фурӯш шинос карданд.
Коршиноси МТБ ва тренер Тамари Миминошвилӣ шарҳ дод, ки бозорҳои интернетӣ чӣ гуна ба платформаи муфид барои соҳибкории хурду миёна ҷиҳати муаррифии брендашон ва афзоиши фурӯши маҳсулоташон табдил гардиданд. Тамари Миминошвилӣ дар ин вебинарҳо воситаҳои ҷолибу наверо барои афзоиши фурӯшҳои онлайнии маҳсулот ба корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон таълим дод. Вай бар ин бовар аст, ки ин маълумоту дониш ба корхонаҳои тоҷик барои ҳамроҳ гардидан ба равандҳои муосири рақамисозӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо имконияти нав фароҳам меорад: «Мо ба истеҳсолкунандагон пойгоҳу платформаҳои маъруф ва шинохтаи интернетиро муаррифӣ кардем, то тавонанд ба воситаи онҳо дар ҷаҳони виртуалӣ ҳузур пайдо кунанд ва имконияти сареътар ва осонтари пешниҳоди молу маҳсулот ва хидматрасониҳояшонро дар интернет дошта бошанд. Ҳадафи ниҳоии мо кумак ба соҳибкорон барои оғозу беҳтар кардани тиҷорат дар интернет мебошад».
Ширкатҳои тоҷик ҳамчунин сохтани дӯкони касбии интернетӣ бо василаҳои замонавии ҷалби муштарӣ ва эҷоди муҳтавои ҷолибро омӯхтанд. Онҳо бо тарҳрезии лоиҳаҳои онлайнии мустақим-бо-муштарӣ, эҷоди сохтори гурӯҳи кормандон оид ба тиҷорати электронӣ ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра, ба монанди логистика, идораи анбор ва омодаву ирсоли фармоишҳо низ шиносоӣ пайдо карданд.
Мудири иҷроияи ширкати дӯзандагии «Тоҷтекс» Абдурашид Абдуҳамидов мегӯяд, ки “хушҳолем, ки метавонем донишҳои аз ин вебинарҳо омӯхтаамонро дар самти пеш бурдани тиҷоратамон дар интернет ва ворид шудан ба бозорҳои нав амалӣ намоем. Мо фаҳмидем, ки чӣ гуна аз пойгоҳҳои интернетӣ ба ҳайси як воситаи сареъ, арзон ва самаранок барои дастёбӣ ба муштариён дар тамоми ҷаҳон истифода барем. Ширкати мо аз ин имкониятҳо истифода хоҳад кард”.
Мавриди зикр аст, ки дар асри тиҷорати рақамӣ ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон низ омодаи пешниҳоди имконияти онлайнӣ ба муштариёнашон мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






