Миёни шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Туркия мусобиқаи футбол доир гардид

Март 29, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул 27 март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Ҷумҳурии Туркия мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул хабар медиҳад.

Дар мусобиқа шаш даста иштирок кард.

Қабл аз оғози мусобиқа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо шаҳрвандон суҳбат намуд. Зимни суҳбат Мурод Саидзода шаҳрвандонро ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, роҷеъ ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол дар кишвари мо сухан гуфт ва ба футболбозон муваффақият орзу намуд.

АКСҲО: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул

Март 29, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт