Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022: имрӯз бозии дастаҳои «Хатлон» ва «Равшан» баргузор мегардад

Март 18, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Аз рӯи натиҷагирии он дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоии мусобиқа маълум шуданд. Дар бозии финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз,   18  март  баргузор мешавад, дастаҳои  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб барои ҷоизаи аслӣ сабқат менамоянд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки дар ҳар се бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро соҳиб   шуда,  ба финал баромад. Дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо  7 имтиёз дар гурӯҳи «Б»  ғолиб гардид. Дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  низ 7 имтиёз ба даст овард ва дар гурӯҳи «А» ҷойи аввалро ба даст овард. Вале бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи футболи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ба финал роҳ ёфт.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022

Марҳилаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи «А»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Эсхата» (Хуҷанд) 3 2 1 0 7-4 7
2 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 2 0 3-2 5
3 Тоҷикистон (U-20) 3 1 0 2 4-5 3
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 0 1 2 5-8 1

 

Гурӯҳи «Б»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 3 2 1 0 21-2 7
2 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 2 1 0 14-3 7
3 «Истиқлол — ҷавонон» (Душанбе) 3 1 0 2 3-11 3
4 «Гулистон» (Гулистон) 3 0 0 3 3-25 0

 

Гурӯҳи «В»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 3 3 0 0 12-4 9
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 4-4 4
3 КМВА (Душанбе) 3 1 1 1 3-5 4
4 «Равшан» (Зафаробод) 3 0 0 3 4-10 0

 

Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:30 – «Эсхата» – «Истаравшан». Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-2»

Финал

14:30 – «Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб). Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 18, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад