«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад

Март 26, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намангони Узбекистон 25 март мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии нахустини ниманиҳоӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо  мунтахаби Уганда вориди майдон шуда, вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар си дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон аз яккачини Уганда бо ҳисоби 4:5 дучори шикаст шуд.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоии мусобиқа дар ҳамин рӯз Узбекистон мунтахаби  Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд. Мунтахабҳои Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти  «Ҷоми Наврӯз-2022» қувва месанҷанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

Уганда — ТОҶИКИСТОН (1:1, силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:4)

Узбекистон — Қирғизистон (3:1)

29 март (сешанбе)

16-00 — ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

20-00 — Уганда – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

 

АКС: ФФТ

Март 26, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад