«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби Қирғизистон мақоми сеюмро соҳиб гардид

Март 30, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол – «Ҷоми Наврӯз-2022» баргузор шуд.
Дар мусобиқа 4 дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Қирғизистон, Уганда ва Узбекистон ширкат карданд, ки  дар он дастаи дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб  шуд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар доираи мусобиқа 2 бозӣ анҷом дода, ҷои сеюмро ишғол намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар нимфинал ҳарифи  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дастаи мунтахаби  Уганда буд. Бозии дастаҳо 27 март баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 шуд, вале дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи угандагиҳо хандида, бо ҳисоби  4:5 ғолиб омаданд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм, ки 29 март баргузор гардид, дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро сазовор шуд. Голро Парвиз Умарбоев дар дақиқаи 54 аз пеналтӣ  ба нишон расонид.

АКСҲО: ФФТ

Март 30, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд