Овозхони афғонистонӣ Мири Мафтун дар чорабиниҳои идона дар Тоҷикистон иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Овозхони маъруфи афғон Мири Мафтун, ки таронаҳои миллӣ иҷро мекунад, барои ширкат дар барномаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Тоҷикистон омад.
Ӯ дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ барномаҳои консертии худро пешкаш мекунад. Консертҳо рӯзҳои 22 ва 26 март дар Кохи Суруши Душанбе, 23 март дар Бохтар, 24 март дар Ваҳдат дар назаранд.
Мири Мафтун соли гузашта мебоист дар ҷашнҳои Наврӯзи Тоҷикистон консерт медод, аммо ба далели хуруҷи коронавирус консертҳояш лағв шуданд.

Мири Мафтун — овозхони 60-солаи тоҷик, зодаи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Сурудхои маҳаллӣ (миллӣ) ва фолклорӣ дар иҷрои ӯ, инчунин таронаҳои Фалак дар Тоҷикистон хеле машҳуранд. Мири Мафтун танҳо асбобҳои миллӣ (дутор, дамбур ва ғайра) менавозад ва танҳо ба забони модариаш дарӣ (тоҷикӣ) месарояд. Ӯ таронаҳои худро дар чорабиниҳо шурӯъ аз телевизиони Кобул то деҳааш дар Ишкошим иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2013 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе даъват гардид ва дар ин ҷо консерт баргузор карда, яке аз таронаҳояшро ба Сарвари давлати Тоҷикистон бахшид.
Соли 2019 ӯро дубора ба Тоҷикистон даъват карданд ва дар ин ҷо таронаҳои нави худро пешкаши тамошобинон намуд ва дар чанд барномаҳои телевизионӣ ва интернетӣ ширкат варзид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сафарҳои Мири Мафтун ба Тоҷикистон ба шеваи иҷрои фалаки ӯ баҳои баланд дода, ба ӯ туҳфаҳо тақдим карданд. Мири Мафтун дар консертҳо бо ҷомаи зардӯзӣ бармоад карда, онро ҳамчун тӯҳфаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон муаррифӣ менамояд.
Барои фаъолияти меҳнатиаш ба сароянда дар Ағонистон унвони Устод дода шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






