Русия содироти шакар ва ғалладонагиро ба якчанд кишвар муваққатан манъ намуд

Март 15, 2022 13:52

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Русия тасмим гирифт, ки содироти ғалладонагиро ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва шакари хоми қандро ба кишварҳои сеюм муваққатан манъ кунад. Қарорҳои дахлдорро сарвазири Федератсияи Русия Мишустин имзо кардааст. Ба гузориши АМИТ «Ховар», дар ин бора сомонаи кабинети вазирони Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз Русия ба узвияти ИИАО Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.

Маҳдудият барои ғалла то 30 июн ва барои шакар то 31 август амал мекунад. Маҳдудияти ғалладонагӣ ба гандум, меслин (омехтаи гандуму ҷавдор), ҷавдор, ҷав ва ҷуворимакка дахл дорад.

Зикр карда мешавад, ки ҳукумат барои содироти шакар ва ғалладонагӣ якчанд истисноҳо пешбинӣ намудааст. Ҳамин тариқ, иҷозат дода мешавад, ки онҳо берун аз ҳудуди кишвар, аз ҷумла бо мақсади расонидани кумаки башардӯстона ва дар доираи ҳамлу нақли байналмилалии транзитӣ интиқол дода шаванд.

Содироти чӯбу тахта ва ёқути кабуди сунъӣ

Ба ғайр аз ин, Вазорати саноат ва савдои Русия пешниҳод кард, ки то охири соли равон содироти чӯб ва маҳсулоти он ба «кишварҳои нодӯст», аз ҷумла ба ИМА ва Иттиҳоди Аврупо манъ карда шавад, хабар медиҳад ТАСС.

Дар вазорат иттилоъ доданд, ки аз 10 то 15 дарсади истифодаи ин молҳо аз ҷониби Финландия ба истеҳсолкунандагони Русия рост меояд. Вазорат афзуд, ки кишвар наметавонад ин гуна маводро зуд иваз кунад.

Вазорат ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки саҳми Русия дар таъмини ҷаҳон бо ёқути кабуди сунъӣ тақрибан 40 дарсадро ташкил медиҳад, аммо онҳо имкони маҳдуд кардани содироти онро танҳо ҳамчун чораи охирин медонанд.

Содироти нуриҳои минералӣ

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вазорати саноат ва савдои Русия аз тавлидкунандагони нуриҳои русиягӣ дархост кардааст, ки онҳоро дар кишвар монанд ва ба содирот нафиристанд. Вазорат гуфтааст, ки ҳоло «бар асари саркашӣ аз интиқоли нуриҳо аз ҷониби якчанд ширкати логистикии хориҷӣ» кишоварзони Аврупо ва манотиқи дигар дар дарёфти ҳаҷми қарордодии нуриҳои минералӣ ба мушкилӣ рӯбарӯ шудаанд.

Вазорат аз истеҳсолкунандагони нуриҳои минералӣ даъват кардааст, ки интиқоли маҳсулотро барои содирот муваққатан- то аз нав барқароркунии кори муназзам аз ҷониби интиқолдиҳандагон ва додани кафолати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ қатъ намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 15, 2022 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид