Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» маълум шуд

Март 1, 2022 13:18

ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2022 аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ миёни мардон ва бонувон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 феврали соли 2022 барои баргузории ин мусобиқа 2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мусобиқаи мазкур дар доираи баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба кураш доир шуда, бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ доир карда мешавад.

Дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш ба шореҳи АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Чемпионати Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Мусобиқаи 3-юми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ аз рӯи 5 вазн миёни мардҳо: -60кг, -70кг, -80кг, -90кг, +90кг ва 3 вазн миёни бонувон: -52кг, -70кг, -87кг доир мегардад.

Ғолибон миёни мардҳо бо Шоҳҷоиза – мошин қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Миёни мардҳо барандагони медали нуқра 38 646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тилло 38 646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25 764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12 882 сомонӣ дарёфт мекунанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2022 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд