Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшу сохторҳои зертобеи вазорат ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҷлил гардид.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода кулли кормандони соҳаи маорифро ба ин ҷашни аҷдодӣ табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосса дорад. Ин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимии Наврӯз, ки миллати тамаддунофари тоҷик меросбари он аст, ҷаҳонӣ гардид.
Сипас Раҳим Саидзода ба як қатор кормандони вазорат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон












Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






