Таҳмина Раҷабова, ҳунарпеша ва коргардон: «Ҷанҷолу муноқиша чӣ лозим, вақте ки нишаста ором суҳбат кардан ва мушкилро ҳал намудан мумкин аст?!»
ДУШАНБЕ, 06.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фардо дар Хонаи кинои Душанбе (кинотеатри «Зубунисо»), воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 131 бахшида ба Рӯзи Модар намоиши се филми синамогарони тоҷик баргузор мегардад. Мухлисони кино дар як нишаст метавонанд филмҳои кутоҳметражи «Худфиребӣ» («Обмани себя»)- Таҳмина Раҷабова, «Насиб»-и Шарофат Арабова ва «Сарбор»-и Манзаралӣ Шералиро бо ҳам бинанд. Оғози намоиш – соати 16:00.
Тафсилоти бештар дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар бораи нахустнамоиши ин се филм АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд. Вале ҳоло, дар арафаи Рӯзи Модар, руҷӯъи кӯтоҳ ба мазмун ва моҳияти ин се филм, ки дар бораи се зан ҳикоят мекунанд, ба назари мо мубрам хоҳад буд.
Се филм, се зан ва се тақдир.
«Филми «Насиб», ки соли 2021 киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифтааст, ҳикояти ҷолибе аз рӯзгори як оилаест, ки дар садади фурӯпошӣ қарор дорад, — мегӯяд Шарофат Арабова. – Қаҳрамони асосии филм ҳамроҳи духтарчааш бе саробону бе сарпараст мемонанд…».
Филм ҳамагӣ 20 дақиқа аст ва воқеаҳои он дар Душанбе мегузаранд. Дар филм масъалаи тарбияи фарзанд, масъулияти падару модар ба миён гузошта шудааст. Нақшҳои асосиро дар он Таҳмина Раҷабова ва Самира Узоқова, ҳамчунин Наргис Муқимова, Ҳасан Қосим, Қандил Тоҳиров, Рухмина Сангова бозидаанд.
Дар омади гап, Шарофат Арабова номзади илми таърих, киношинос, фарҳангшинос, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва Шабакаи пешбурди синамои Осиё ва Уқёнуси Ором (NETPAC) мебошад. Ба филмофарӣ аввалин бор соли 2004, ҳангоми донишомӯзӣ дар шуъбаи фарҳангшиносии Донишгоҳи славянии Россия в Тоҷикистон шуруъ намудааст. Он айём Шарофат пас аз дарс дар донишгоҳ ба мактаби синамои назди Хонаи кино рафта, таълим мегирифт. Кори дипломиаш дар донишгоҳ низ ба мавзӯи кинои мустанади дар замони шӯравӣ ва пасошӯравӣ бахшида шуда буд.
Баъдан Шарофат Арабова ба ҳайси коршиноси аршад дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ҷиддан ба таҳқиқи илмии кинои тоҷик, чуноне мегӯянд, «дасту остин барзад» ва пасон ба шуъбаи коргардонии Донишкадаи синамо ва коргардонии Ҳиндустон (FTII) дар шаҳри Пуна шомил шуд. Ва нахустин филмҳои худро рӯи навор овард.
Ин ҷо метавон бахусус аз корҳои муваффақонаи ӯ — филмҳои пурраметражи «Сафарнома: мулоҳизаҳо дар пайроҳаи мерос» ва «Падар: ба хотираи Мамадқул Арабов», инчунин филми кутоҳметражи «Хаёлфурӯш» ёдовар шуд.
Он чи, ки мешавад дар хусуси филми «Сарбор»-и Манзаралӣ Шералӣ тазаккур дод, ин аст, ки филми мазкур низ роҷеъ ба фурӯпошии оилаҳост, ва ин беваҷҳ нест. Зеро дар Тоҷикистон ба бунёди оила маъмулан эҳтироми хоса мегузоранд ва вайроншавии оила барои на танҳо зану шавҳар, балки ақрабо ва ҷомеа низ фоҷиа маҳсуб мешавад. Мутаассифона, ҳамасола садҳо оилаҳо, билхоса оилаҳои ҷавони кишварамон бар иллати нофаҳмиҳо, ноогоҳиҳо, бефарзандӣ, муҳоҷират, бемориҳо ва амсоли ин аз ҳам ҷуд мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки филми «Сарбор» аллакай дар се ҷашнвораи байналмимлалӣ соҳиби ҷоиза гардида, моҳи сентябри соли гузашта дар Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳметражи кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон дар Бишкек беҳтарин дониста шудааст.
«Дар филм саргузашти воқеӣ ба навор гирифта шудааст, ки худам шоҳиди он будам, — мегӯяд Манзаралӣ Шералӣ. – Ин қиссаи занест, ки ӯро шавҳараш аз хона меронад ва падару модараш низ ба хона роҳаш намедиҳанд. Ва зани ҷавон кӯдаки навзодашро ба ихтиёри ронандаи ношиноси таксӣ гузошта, намедонад куҷо биравад ва меравад ҳар куҷое, ки пеш омад…».
Ва акнун дар бораи филми Таҳмина Раҷабова «Худфиребӣ». Ин ҷо низ мавзӯъ ҳамон аст – фурӯпошии оилаҳо. Нахустнамоиши филм ду сол муқаддам дар Хонаи кино баргузор шуда буд ва тамошогарони зиёдеро ба ҳам овард, ки дар миёнашон на танҳо синамогарон, киношиносон, мунаққидон, балки ҳаводорони кино ва мухлисони эҷодиёти ин ҳунарпеша ва коргардони ҷавон низ буданд.
Ҳамоишро Раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон, ҳунарпеша, филмноманавис Сафар Ҳақдодов ҳусни оғоз бахшид. «Имрӯз ман ифтихор аз он дорам, ки дар кинематографияи тоҷик боз як симои нав ва умедбахш зуҳур кард, — гуфт ӯ, — Таҳмина филми кутоҳметраже пешниҳод мекунад, ки ҳамчун кори курсӣ таҳти раҳнамоии устодаш коргардони шуҳратёр ва яке аз бунёдгузорони кинои тоҷик Валерий Аҳадов дар Донишкадаи давлатии кинематографияи ба номи С.А. Герасимови Москва таҳия намудааст».
«Филм на чандон тӯлонӣ, вале хеле ҷиддӣ аст, — зикр намуд киношинос Саноат Азизова. – Он як навъ маълумот барои мулоҳиза аст. Ба ман кори вобаста ба тасвир, наворбардорӣ, бозии ҳунармандон писанд омад. Вале коргардонӣ дар ин филм – мавзӯи дигар аст. Сано ба ҳунармандон, зеро дар торикӣ баръало нақш офаридан осон нест, вале онҳо аз уҳдаи ин ба хубӣ баромадаанд. Ба назарам, ин рамзӣ ҳам ҳаст – шаб ҳам як навъ қаҳрамони ин филм аст. Шабонгоҳ одамон оромтар мешаванд, фурсат меёбанд сар ба андеша бибаранд, дар бораи корҳои карда ва нокардаашон биандешанд».
Ана ҳамин аст моҳият ва аҳамияти аслии ин филм! Он бинандаро ба андеша кардан дар атрофи кору рафтори худ водор месозад.
Зеро имрӯз одамон худашон барои худашон мушкил эҷод мекунанд. Чаро барои худамон ба ҷои мушкил хушбахтию саодат, суботу оромӣ ва роҳату рафоҳият эҷод накунем? Мо кӣ ҳастем, ки Худо инсонҳоро мебахшад, вале мо якдигарро намебахшем?! Ин мазмун дар тамоми муддати филм ҳамчун хатти сурх мегузарад.
«Худфиребӣ» — ин достони ишқи ноком аст, — иброз медорад Таҳмина Раҷабова. – қиссаи кӯчак дар бораи он аст, ки одамон бар асари ғурур, нафаҳмидани дарди дили ҳамдигар ба якдигар носазо мегӯянд, аз ҳам ҷудо мешаванд. Зиндагӣ бе каму кост, бе камбудӣ намешавад, вале ҳамаи инро бе ҷангу хархаша, бе душманию хусумат ҳал кардан мумкин аст. Барои ин фақат иродаро ба кор бурда, нишаста ва оромона маслиҳату машварат кардан лозим. Забони якдигарро дар ҳама гуна ҳолат ёфтан мумкин аст…».
Бовар кунед, имрӯз ин на танҳо барои зану шавҳар, барои як оила, як халқ, як кишвар, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳатто муҳимтарин маҳсуб меёбад.
Баҳс ва кашмакашу муноқиша як навъ ҷанги сард ва ё бархӯрди лафзӣ аст, вале муносибатҳои инсонӣ мебояд на дар асоси ҷангу ҷидол, балки дар асоси дарку фаҳмиш, ҳамкории судманд ва эътимоду эҳтироми ҳамдигар ба роҳ монда шаванд.
Зеро Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи худ чунин навиштааст:
Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,
Ки гетӣ бисӯзад, чу гардад баланд.
Дилат гар ба роҳи хато моил аст,
Туро душман андар ҷаҳон худ дил аст.
Аз ин лиҳоз ман ба кули хонандагон муроҷиат мекунам: биёд ҳамроҳ биравем ва ин филмҳоро бо чашми худ бубинем!
Зебо ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»