Таъмини бехатарии молу маҳсулот ва хизматрасонӣ омили асосии рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад

Март 15, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 март бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳия ва татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон амалӣ менамояд, ҷаласа доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, ширкатҳое, ки дар бозори мол, кор ва хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон мавқеи махсус доранд, инчунин ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ширин Солеҳзода иброз намуд, ки таъмини бехатарии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо ба сифату бехатарии ҳаёти инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеа таъсири бевосита дошта, яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб мешавад.

Дар асоси қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 9 апрели соли 1985 ва қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 2011 ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон низ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо баргузории барномаҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад.

Ширин Солеҳзода иброз дошт, ки соли равон аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ бахшида ба ин рӯз зери шиори «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон» бо ҷалби мутахассисони дигар соҳаҳо дар бозорҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ барномаҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бисёрҷабҳа буда, татбиқи босамари он аз нигоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои мамлакат ва аҳолӣ муҳим арзёбӣ гардида, самти мазкур қариб ба ҳама сохторҳои давлатӣ алоқаманд аст.

Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони мақомоти дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ваколатдор мебошанд, дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон сухан намуданд.

Дар фарҷом муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ширин Солеҳзода иброз дошт, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои хусусӣ, ассотсиатсияҳо ва созмону ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ барои такмил ва рушди соҳа ва ба ин васила боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба истеъмолкунандагон омода мебошад.

 

АКСҲО: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ

Март 15, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд