ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ. Ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат бо забони русӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди 20-уми силсиламаҷмӯаи Пешвои миллат бо номи «Независимость Таджикистана и возрождение нации» бо сифати баланд, истифода аз ороиши бадеӣ ва дигар нақшу нигори муосир омода гардида, дар матбааи ҶДММ “Нашри Мубориз” бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 26,0 ҷузъи чопӣ ба нашр расид, иттилоъ доданд дар муассисаи мазкур ба АМИТ «Ховар».
Тавре Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин силсиламаҷмӯа матни суханрониҳо, маърӯзаҳо, мусоҳибаҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо ва паёмҳои табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 15 январ то 31 декабри соли 2020 дар бар мегирад. Ба он матни 42 суханронӣ ва 14 Паёми шодбошии Пешвои миллат ворид гардидааст.
«Ҳамзамон барои осон гардидани раванди таҳқиқ бори аввал дар ин ҷилди силсиламаҷмӯа мураттибон се навъи кумакфеҳристи библиографӣ, аз қабили феҳристи мавзӯъҳо, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ва феҳристи ашхос дар шакли васеъ ва мукаммалро ҷой додаанд, ки истифодаи босамари ин кумакфеҳристҳо барои пажӯҳандагони риштаҳои гуногуни илм муфид хоҳад буд»,-изҳори назар намуд Қурбон Ғуломзода.
Барои баҳрабардорӣ аз феҳристи мавзӯъҳо хонандаи силсиламаҷмӯа метавонад бемамониат оид ба се мавзӯи муайяншуда, ки дар партави матни суханрониву паёмҳои табрикотӣ таҳия шудаанд, маълумот дастрас намояд.
Ҳамчунин феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ба хонанда имконият фароҳам меорад, ки доир ба 119 номи кишвар, шаҳр, вилоят, ноҳия ва деҳаҳо маълумот пайдо намуда, тавассути феҳристи ашхос бо ному насаби 88 нафар шахсони муътабар шинос шавад.
АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






