Узбекистон ба воридоти гӯшт аз Покистон шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 15.03.202 /АМИТ «Ховар»/. Покистон ба интиқоли гӯшт ба Узбекистон шурӯъ кард, хабар медиҳад манбаи иттилоотии Uzdaily.uz. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, нархи гӯшт дар ин кишвар ҳанӯз қабл аз ҳаводиси Украина, дар нимаи дувуми соли 2020 якбора боло рафтааст.
Аввалин миқдори гӯшт (18 тонна) ба маблағи 40 ҳазор доллар ҳафтаи оянда ба Тошканд ворид мешавад.
Моҳи март фиристодани боз 50 контейнер гӯшт пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии бор 900 тоннаро ташкил хоҳад дод.
Раҳбари ширкати покистонии «Shaheen» Малик Шер Хон зикр намуд, ки Покистон пас аз баста шудани созишномаҳо дар бораи тиҷорати имтиёзнок ба бозори Узбекистон диққати махсус равона намудааст.
Созишномаи савдои имтиёзнок 4 марти соли 2022 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Покистон ба имзо расида буд.
16 феврали соли равон дар Тошканд зимни видеоконференсия оид ба масъалаҳои афзалиятнок Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳбарони соҳаи чорводорӣ супориш дод, ки дар асоси талабот ба аҳолӣ додани 350 ҳазор cap гӯсфанду бузро шурӯъ намоянд. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора хабаргузории миллии «УзА» хабар додааст.
Ба гуфтаи Мирзиёев, ба ин тарҳ 100 миллион доллар равона карда мешавад.
Барои бо нархи муътадил таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшт вакилони Олий Маҷлис лоиҳаи Қонун «Дар бораи тадбирҳои иловагии бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ»-ро тартиб доданд, ки 20 октябр баррасӣ ва қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин кишвар, тибқи гузоришҳои матбуоти маҳаллӣ, нархи гӯшт ҳанӯз пеш аз ҳаводиси Украина, дар нимаи дуюми соли 2020 якбора боло рафтааст. Сабабҳои асосии боло рафтани нархи маҳсулоти гӯштӣ пандемияи коронавирус ва оқибатҳои он, аз ҷумла боло рафтани қимати ашёи хоми хӯроки чорво ва коҳиши воридоти чорво буд. Дар ин бора дар шарҳи Вазорати рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ки ба таваррум дар моҳи сентябр бахшида шудааст, гуфта мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






