ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Намояндагони 27 давлат дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ширкат мекунанд

Март 23, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25-30 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи чемпионат, ҳамчунин Иҷлосияи Конфедератсияи велосипедронии Осиё доир мегардад. Дар чорабинӣ иштироки 428 намоянда аз 27 давлати қора дар назар аст.

Чемпионат миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад. Умуман, дар доираи чорабинӣ, дар 6 масофа 18 мусобиқа миёни мардҳо ва бонувон ба нақша гирифта шудааст.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Тоҷикистон, 25-30 марти 2022

25 март

Мусобиқаи даставӣ, мардҳо (24км)

Мусобиқаи даставӣ, занҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳои имконияташон маҳдуд (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24км; 15км)

26 март

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, U-23 (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, ҷавонон (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, ҷавонон (15км)

27 март

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо (24км)

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, занҳо, U-23 (24км)

28 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)

Аксҳо аз бойгонӣ

Март 23, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд