ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар ДДЗТ озмуни наттоқони забони ҷопонӣ доир шуд

Март 15, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ карда, наврасону ҷавононро ба забономӯзӣ даъват намуданд. Дар робита ба ин даъвати Пешвои миллат 14 март дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни наттоқони забони ҷопонӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДЗТ. 

Дар расми баргузории озмуни мазкур ректори донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айки Тошиҳи ва мутахассисону устодони забони ҷопонӣ иштирок намуданд.

Жило Гулназарзода гуфт, ки робитаҳои нек ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ки миёни халқҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, бо азму талошҳои пайгиронаи сарварони хирадманди ду кишвари бо ҳам дӯст боз ҳам беҳтар шудаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ  иброз намуданд, «омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим буда, бахусус мебояд омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад».

Мавсуф афзуд, ки чунин озмунҳои маърифатӣ ба рушди тафаккури зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат менамояд.

Дар озмун 33 нафар иштирокчӣ аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи словянии Русия ва Тоҷикистон, Литсейи «Ҳотам ПВ» ва Маркази забономӯзӣ ва фарҳангии «КОКОРО» ширкат доштанд. Озмуни мазкур дар ду бахш гузаронида шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айки Тошиҳи дар  якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа ва устодони забони ҷопонӣ ба истеъдоди иштирокчиёни озмун баҳо гузошт.

Аз ҷониби ҳакамон озмун чунин натиҷагирӣ карда шуд: дар бахши қироати матни интихобӣ ҷойи аввал ба донишҷӯи курси 2-юми ДДЗТ ба номи С.Улуғзода Гулноза Амзазода, ҷойи дуввуму сеюм ба  донишҷӯёни курси 2 ва 3-и ДДЗТ Мафтуна Шарипова ва Ибодат Аҳмадова дода шуд.

Дар бахши қироати иншои озод ҷойи аввал ба  донишҷӯи курси 3-юми ДДЗТ Ҷамолиддин Алиқулов насиб гардида, ҷойи дуввумро  донишҷӯи курси 3-юм Ҳилола Жумаева ва ҷойи сеюмро донишҷӯи курси 3-юми ин донишкада Қурбонбека Рашидбекова сазовор шуданд.

Дар фарҷоми озмун ғолибони он бо сертификат ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.  Ҳамзамон озмун бо барномаи фарҳангӣ ва тақдими туҳфаи тоҷикона аз ҷониби раёсати Донишкада ба сафир ҳусни анҷом пазируфт.

 

Акс: ДДЗТ

Март 15, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид