Ҳайати Созмони ҳамкории исломӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе иштирок хоҳад кард

Апрель 16, 2022 09:49

ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар шаҳри Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи  доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли СҲИ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони мазкурро баррасӣ карданд. Зимнан доир ба  ҷараёни омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шарҳи муфассал дода шуд.

Ҳусейн Иброҳим Тоҳо таъкид намуд, ки ҳайати СҲИ дар ин чорабинии байналмилалии муҳим дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 юни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гардид, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишаст муовини раиси кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маълумот пешниҳод кард.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори он котиботи Конфронс таъсис ёфта, ҳоло дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Илова бар ин, ба сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. Торнамои расмии Конфронс дар шабакаи интернет (www.dushanbewaterprocess.org) ва саҳифаҳои Конфронс дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» (@DWaterProcess) ва «Facebook» (Dushanbe Water Process) боз гардиданд.

Дар Конфронси дуюми сатҳи баланд баргузории панелҳо тибқи се гурӯҳи алоҳида гурӯҳбандӣ шуда, ба мавзӯъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пасазбуҳронии ҳамагирии COVID-19 ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ, дар маҷмӯъ 12 панел дар назар аст.

Дар доираи Конфронс 6 Форум, аз ҷумла Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Форуми об барои занон, Форуми об барои кӯдакону ҷавонон, Форуми об барои ҷамоатҳои маҳаллӣ/мардуми таҳҷоӣ, Форуми об ва кӯҳистон ба хотири рушди устувор ва Форуми об бо иштироки бахши хусусӣ, инчунин Фестивали об дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» гузаронида мешаванд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 16, 2022 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Форуми оби Корея мулоқот намуд
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ҷамъбаст гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси минтақаи Ҷаҳрои Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса нусхаи эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад
Дар Вена муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд
Дар шаҳри Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК баррасӣ гардид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон менамояд
Намояндаи Тоҷикистон бо котиби иҷроияи Созмони паймони манъи ҳамагонии озмоиши силоҳи ҳаставӣ мулоқот намуд