Ба беморхонаи ноҳияи Шуғнон нақлиёти «Ёрии таъҷилии тиббӣ» тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ”, ки бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалини тиббӣ муҷаҳҳаз аст, тақдим гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар доданд.
Бо дастгирии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ноҳияи Шуғнон як адад нақлиёти “Ёрии таъҷилии тиббӣ” ҷудо гардид ва он аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода дар фазои тантанавӣ ба беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти дурдасти Ванқалъа супорида шуд.
Раиси ноҳияи Шуғнон зимни супоридани нақлиёти мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуда, ҳамзамон зикр кард, ки нақлиёти тақдимшуда барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии аввалини тиббӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти ноҳия ва дигар эҳтиёҷмандон пешбинӣ шуда, кори табибону дардмандонро хеле осон мегардонад.
Мавриди зикр аст, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардидааст.
АСКҲО: МИҲД-и н. Шуғнон








Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд






