Дар Кӯлоб бо мақсади рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таълим машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 31 март дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб семинар-машварат доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар машварат раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, масъулину кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Нахуст иштирокдорони машварат аз намоиши илмӣ ва корҳои эҷодии омӯзгорону хонандагони Литсей бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дидан намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб зимни суҳбат бо хонандагону навоварони ин муассиса зикр кард, ки онҳо бояд донишу маҳорат ва истеъдоди худро сайқал дода, ба комёбиҳои бештар ноил гарданд.
Инчунин раиси шаҳр бо шароиту имконоти донишомӯзии хонандагон шинос шуда, аз хобгоҳи хонандагон дидан намуд. Зикр шуд, ки дар Литсей барои таълиму тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, синфхонаи компютерии Литсей ба шароити имрӯза ҷавобгӯ буда, барои сайқал додани донишу малакаи хонандагон нақши муҳим дорад.
Пас аз шиносоӣ аз вазъи ин таълимгоҳ раиси шаҳр дар толори Литсей дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои шаҳр оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, сохтмону бунёди муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани толибилмон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ сухан намуд.
Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки маориф самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеа маҳсуб шуда, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат дар саросари мамлакат, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфта, шароити кори омӯзгорон ва таҳсили хонандагон ба маротиб беҳтар гардида истодааст.
-Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат роҳбарият ва омӯзгорони бомасъулияту поквиҷдони шаҳри Кӯлобро мебояд дар корҳои созандагиву ободонӣ, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ ва тарбияи фарзандони халқ дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд, — таъкид намуд Бахтиёр Назарзода.
Дар идомаи мулоқот муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила Ҳотам Асозода, инчунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати паҳлуҳои дигари рушди соҳаи маориф ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷом раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани шогирдони лаёқатманд, хониши хубу аъло, завқи баланди илму донишандӯзӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ як қатор омӯзгорон ва хонандагони фаъоли иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявиро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб











Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид






