ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРҲОИ ПРЕЗИДЕНТ. Омӯзгорони забони англисӣ аз Тоҷикистон метавонанд дар Барномаи байналмилалии OPEN иштирок намоянд
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дархостҳои омӯзгорони забони англисиро барои иштирок дар курсҳои 8-ҳафтаинаи такмили ихтисоси Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои тобистони соли 2022, ки аз ҷониби донишгоҳҳои Амрико таҳия шудааст, қабул менамояд.
Тавре дар Сафорати ИМА хабар доданд, курсҳо аз рӯйи мавзӯъҳои «таҳия ва таълими навишти академӣ», «ташкил ва татбиқи курсҳои онлайнӣ», «ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби донишҷӯён», «забони англисӣ ҳамчун воситаи таълим», «методологияи TESOL», «омӯзиш дар асоси мундариҷа», «ҳамгироии малакаҳои тафаккури интиқодӣ ба омӯзиши фарҳангӣ дар забони англисӣ ҳамчун муҳити забони хориҷӣ», «ташкил намудани омӯзишҳои такмили ихтисос барои омузгорони забони англисӣ», «таълими забони англисӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «таълими грамматика бо истифода аз усулҳои коммуникатсионӣ» ва «истифодаи технологияҳои таълимӣ дар дарси забони англисӣ» гузаронида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дархостҳо барои иштирок дар омӯзиш то 25 апрели соли 2022 қабул мегарданд. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба зарурати такмили таълими забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
«Чаро ман ба ин ду забон ишора мекунам? Азбаски аз шаш забони СММ, ки ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътироф шудаанд, ду забон — русӣ ва англисӣ мебошанд. <…> Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад», — гуфтанд дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки ба воситаи тамоми шабакаҳои телевизиони ва радиои давлатӣ мустақиман пахш мегардид.
Сарвари давлат илова намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон дар тамоми зинаҳои маориф аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Президенти мамлакат даъват карданд, ки ба такмили ихтисос ва таълими омӯзгорони ҷавоне, ки маҳорати касбиашон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид






