ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба иди Рамазон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешаванд

Апрель 18, 2022 12:38

КӮЛОБ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди шарифи Рамазон дар шаҳри Кӯлоб аз 23 то 30 апрел ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока, аз қабили орд, равған, макарон, қанд, картошка, пиёз, сабзӣ ва  ғайра бо  нархои арзон ба роҳ монда мешаванд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА имрӯз иттилоъ дод.

Тавре мудири шуъбаи иқтисод ва савдои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Алимад Раҳмонов  иброз дошт,  Корхонаи истеҳсоли орди  шаҳри Кӯлоб, ҷамъияти матлубот ва соҳибкорон  маҳсулоташонро дар 4 нуқтаи шаҳр ба фурӯш мебароранд.

Чунин  ярмаркаҳо ҳамасола дар арафа ва рӯзҳои иди Рамазон ва  Қурбон, дигар  сана ва рӯзҳои ҷашнӣ ба роҳ монда шуда, корхонаҳо маҳсулотҳояшонро бо нархи арзон дастраси мизоҷон мегардонанд.

Алимад Раҳмонов  ҳамчунин афзуд, ки Корхонаи  истеҳсоли орди   шаҳри Кӯлоб тӯли чандин сол аст, ки фаъолият намуда, бо дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  таҷҳизот ва шароитҳои зарӯрӣ таъмин гардидааст.  Корхона  дар як шабонарӯз 90 тонна ашёи хомро коркард намуда, орди навъҳои якум ва дуюм, инчунин хӯроки чорво истеҳсол менамояд.

«Агар як халта орд  дар бозор ва мағозаҳо  аз 340 то 360 сомонӣ  фурӯхта шавад, нархи як халта орди корхона 300 сомонӣ мебошад, ки ҳамарӯза аҳолии шаҳри Кӯлоб аз мағозаҳои  корхона  онро харидорӣ менамоянд. Иқтидори корхона дар як сол  9 ҳазор тонна буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ низ метавонанд маҳсулотҳои худро дар корхона мувофиқи шартнома коркард намоянд. Ашёи хом аз  ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қазоқистон  ба корхона ворид карда шуда, аз ташхиси лабораторӣ гузаронида шуда, ба фурӯш бароварда мешавад.,-  гуфт Алимад Раҳмонов.

Мавриди зикр аст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 апрели соли равон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасиии моҳи шарифи Рамазон аз болоравии нархҳо дар саросари олам бар асари вазъи бисёр муташанниҷу буҳронии  ҷаҳон ёдовар шуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва кули шаҳрвандони кишварро даъват намуданд, ки тамоми захираву имкониятҳои худро барои исьтеҳсоли маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар намоянд.

«Мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид гардида, кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва нагузорем, ки халқамон аз камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо муҳтоҷӣ ва азияту танқисӣ кашанд», — иброз намуданд Сарвари давлат.

АКСҲО:АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2022 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид