ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Темурмалик беш аз 500 ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

Апрель 27, 2022 11:40

ТЕМУРМАЛИК, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар талу теппаҳои ноҳияи Темурмалик беш аз 500 ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд, ки зиёда аз 50 фоизи нақшаи ниҳолшинонӣ иҷро гардид.

Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯзҳо, ки шароити хеле мусоид барои ниҳолшинонӣ мебошад, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, дар сарсабзу хуррам гардонидани маҳаллӣ зисти хеш саҳм мегузоранд. Солҳои пешин беш аз 40 фоизи ниҳолҳои шинонидашуда хушк мешуд ва аз ин рӯ барои сабзиши хуби ниҳолҳо мутахассисон ҷалб карда шуданд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ниҳол мешинонанд

Бино ба иттилои  кормандони ҳифзи муҳити зист маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар ноҳия вобаста ба иқлими ҷойгиршавӣ то охири моҳи апрел идома меёбад.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 27, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд