ФУТБОЛ. «Хатлон», «Эсхата» ва «Истаравшан» дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Апрель 4, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1-3 апрел Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат  хеле ҷолиб баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бо чор бозии даври якум мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дар даври аввал чордаҳ гол зада шуд. Ҳисоби калон дар бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва   «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  ба қайд гирифта шуд. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи дастаи  футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ 5 голи беҷавоб заданд. Муаллифи голи аввалин дар мавсими 2022 легионери камерунии «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудонӣ гардид.

Бозӣ миёни ду дастаи нави лигаи олӣ –«Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод  бо ҳисоби мусовӣ   2:2 анҷом ёфт.

Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бар   «Хуҷанд»-и шаҳри  Хуҷанд  бо ҳисоби  1:0 ғалаба карданд.  Дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар   бар  дастаи футболи «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-10 апрели соли равон баргузор мешаванд.

8 апрел  дастаҳои футболи  «Эсхата» бо «Файзканд», 9 апрел «Истаравшан» бо «Хатлон», 10 апрел «Хуҷанд» бо «Равшан» (Зафаробод) ва КМВА бо «Регар-ТадАЗ» вомехӯранд. Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад.

Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи  марҳилаи аввал панҷ дастаи  беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд. Панҷ дастаи  боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз  6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Чемпионати  Тоҷикистон -2022

Лигаи олӣ. Даври 1-ум

2-юми апрел (шанбе)

«Файзканд» — «Истаравшан» 0:5

Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 35   (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиябатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).

«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод),2:2 

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Бехрӯз Дустмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).

Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.

3-юми апрел (якшанбе)

«Эсхата» — «Хуҷанд», 1:0

Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.

«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 3:1

Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Баки-Ахунов, 21 (2:0). Хайриддин Турахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).

                                                                                                   АКС: ФФТ

Апрель 4, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд