ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Хатлон беш аз 1000 нафар наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд

Апрель 4, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон беш аз 1000 нафар даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши миллӣ гуселониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

2 апрел аз субҳи барвақт дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбии вилоят дар шаҳри Бохтар ҷавонони зиёде ҷамъ омада, миёни ҳам суҳбат ороста, бо ифтихор аз ватану ватандорӣ дар бораи хизмати аскарӣ ва шароити буду боши наваскарон дар қисмҳои низомӣ табодули назар мекарданд. Ин ҷавонони худогоҳу ватандӯст ҳама бо хоҳиши худ шомили қисмҳои низомӣ гардида, мақсад доранд, ки бо сари баланд хизмати Ватан-Модар ба ҷо биёранд. Даъватшавандагон, ки шумораи онҳо зиёда аз 1000 нафарро ташкил медод, бо либоси махсус саф оростанд. Маълум гардид, ки дар натиҷаи корҳои оммафаҳмонӣ якчанд ноҳияҳо, аз ҷумла ба номи Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва ноҳияи Фархор аллакай дар рӯзи аввали даъват нақшаро бо сари баланд иҷро карда, фарзандони бонангу номуси худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат равона намудаанд.

Ноҳияҳои Данғара, Вахшу Балҷувон тавонистанд, ки қисмати зиёди нақшаро иҷро намуда, ҷавонмардони шуҷою далери Ватанро ба хизмати аскарӣ сафарбар намоянд.

Сипас даъватшавандагон ҳама бо либосҳои идонаи махсус аз назди комиссариати ҳарбии вилоят ба сӯи майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар равона гардиданд. Онҳо бо ифтихори бузург аз Ватани ободу озод, фазои сулҳободи Тоҷикистони азиз сурудхонон роҳпаймоӣ намуданд.

Далерони Ватанро дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар сокинон бо кафкубиҳо ва шодбошиҳо истиқбол карда, ба онҳо роҳи сафеду иқболи баланд таманно мекарданд.

Қисмати тантанавии чорабинӣ дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар бо иштироки даъватшавандагон аз шаҳру навоҳии вилоят, падару модарон, донишҷӯёну омӯзгорон, роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Комиссари ҳарбии вилоят Умед Солеҳзода Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқараргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шахрвандони солҳои таввалуди 1995-2004 –и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» қироат карда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан ихтиёран саф оростаанд, то дар қисмҳои низомӣ хизмат ба ҷо оранд.

Дар ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки «дар ҳама давру замон марзи меҳанро ҷавонони баҳодуру таҳамтан ҳимоя мекарданд. Ин рисолати бузургро имрӯз ҷавонони қавииродаи тоҷик дар сарҳади Ватани азизамон бар дӯш доранд, ки мояи шарафмандию сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст. Дар хақиқат танҳо афроди воқеан ватандӯст метавонанд дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ амният ва ободии Ватани худро ҳифз созанд».

Раиси вилоят ба масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки аллакай нақшаи даъвати баҳориро ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос карда, гуфт, ки баҳри иҷрои нақшаи даъват масъулин бояд ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа ҷоннок намуда, мушкилот, муроҷиати онҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба даъвати ҷавонписарон марбутанд, дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда сари вақт ҳал намоянд ва даъвати бахориро дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил кунанд.

«Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба арзишҳои баланди ватандорӣ натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи Пешвои  миллат, ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ мебошанд. Ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1000 нафар ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ ва пойафзолдӯзӣ ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта мешаванд. Имсол бо маблағгузории курсҳои ронандагӣ дар сохторҳои ТҶММ дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 390 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст»,-афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Дар охири ҷамъомад ба ҳамаи даъватшудагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим ва ба онҳо роҳи сафеду хизмати софдилона таманно карда шуд.

АКСҲО: МИҲД вилояти Хатлон

Апрель 4, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи амалиёти «Тасмаи бехатарӣ — муҳофизи шумо» беш аз 6 ҳазор қоидавайронкунӣ ошкор карда шуд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! 1 октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад
Дар шаҳри Ваҳдат шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба истифода дода шуд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Узбекистон масоили муқовимат ба ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ намуданд
10 РӮЗИ АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «ТАСМАИ БЕХАТАРӢ» ВА «СКУТЕР». Зиёда аз 1000 ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲИ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баргузор гардид
БОВАРӢ БА ФОЛБИНУ СОҲИР МЕТАВОНАД БА АҚЛ ВА ФИКРИ ИНСОН ЗАРАР РАСОНАД. Ва ё чаро одамон ба фолбинҳо бовар мекунанд?
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Бо иштироки мототсикл ва скутер 140 ҳодисаи роҳу нақлиёт сабт гардидааст
Ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ доир шуд