Хонандаи тоҷик Марям Шукурова соҳиби медали тиллои Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гимнастикаи бадеӣ-Aspire 2022» гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 5-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Марям Шукурова дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гимнастикаи бадеӣ-Aspire 2022» сазовори медали тилло ва туҳфаҳои гаронарзиши мусобиқа гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Марям Шукурова дар мусобиқаи мазкур аз худ маҳорати баланди гимнастикӣ нишон дода, сазовори медали тилло ва туҳфаҳои гаронарзиши мусобиқа гардид ва ба захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дастоварди нодир зам намуд.
Бояд гуфт, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба «Гимнастикаи бадеӣ-Aspire 2022» миёни наврасон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб охири моҳи март ва аввали моҳи апрел доир гардид.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






