ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Душанбе соҳиби раводиди Хорватия шаванд

Апрель 12, 2022 09:56

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 23 марти соли 2022 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дарёфти раводиди Хорватия ба Маркази дархости раводиди VFS Global дар Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Нур-Султон, дархости дахлдор ба Сафорати мо аз Сафорати Хорватия дар Қазоқистон ворид шудааст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 барқарор шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 18 феврали 2021  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Афғонистон, Франсия,  Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия эътимоднома қабул намуданд.

Пас аз супоридани эътимодномаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду  сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд. Президенти Тоҷикистон бо хушнудӣ аз сафари соли 2009 ба Хорватия кардаашон ёдовар шуданд, ки ин барои ман мояи хушнудист».

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 12, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид