ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. Имрӯз «Истиқлол» бо дастаи футболи «Ал-Ҳилол» бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 апрел чемпиони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, рақобат мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағуб гардид ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид.
Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес, дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио, дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расонида буданд.
АКС: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






