ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО: «Истиқлол» аз «Ал-Райян» шикаст хӯрд

Апрель 9, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 09.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дастаҳо шоми 8 апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии «Шоҳ Фаҳд»-и шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” дастаи “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) бар дастаи “Шарҷа” (АМА) бо ҳисоби  2:1 пирӯз шуд.

“Истиқлол” 11 апрел дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо дастаи “Шарҷа”-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад.

АКС: ФФТ

Апрель 9, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд