«МАНЗАРНИГОР». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 апрел то 15 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии яке аз поягузорони мактаби рассомӣ дар Тоҷикистон, рассом, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Маҷид Хошмуҳаммедов таҳти унвони «Манзаранигор» намоиш ҷараён мегирад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, 28 апрел зимни ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ки дар риштаи рассомӣ таҳсил менамоянд ва намояндагони ВАД иштирок намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 40 адад асарҳои офаридаи Маҷид Хошмуҳаммедов ба намоиш бароварда шудаанд, ки инъикосгари паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мардуми тоҷик, аз ҷумла табиати нотакрори Тоҷикистон мебошанд. Асарҳо дар солҳои гуногун офарида шуда, дар онҳо мавзӯъҳои зерин: «Ҷамъоварии ҳосил» (1944), «Вохӯрии қаҳрамонон» (1943), «Кӯчаҳои боронӣ» (1941), «Корхонаи пахта» (1948), «Сохтмони неругоҳи Қайроққум» (1955), «Самарқанд. Шоҳи зинда» (1974), «Тирамоҳ» (1978) ва ғайраҳо инъикос шудаанд.
Дар намоиш иштирокчиён зикр намуданд, ки Маҷид Хошмуҳаммедов (1912-1985) солҳои тӯлонӣ дар вазифаи Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар рушди ин ҳунар ва омода намудани кадрҳои соҳа саҳми назаррас гузоштааст. Инчунин мусаввараҳои офаридаи рассом борҳо дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба намоиш бароварда шудаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






