Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд

Апрель 8, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистр, аспирантура, докторантура ва коромӯз аз рӯи ихтисосҳои гуногун қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст.

Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» дар  Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» хабар доданд.

Хоҳишмандон метавонанд барои супоридани ҳуҷҷат (номнавис шудан) ба «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя), муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 2232359, 2211175

 

АКС аз бойгонӣ

Апрель 8, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд