Масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои шаҳри Санкт-Петербург баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 12-15 апрел ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари корӣ бо Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов мулоқот кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург табодули афкор намуданд.
Сафири Тоҷикистон аҳамияти истифодаи зарфияти мавҷуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро зикр намуд. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои ш. Санкт-Петербург ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
А. Беглов зарурати роҳандозии ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург, таҳияи барномаҳои муштараки омӯзишии таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуд.
13 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург Владимир Катенев вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ш. Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон мусоҳибон иштироки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербургро дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон-Русия”, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.
Д. Гулмаҳмадзода зимни сафар ҳамҷунин бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар мактабҳои олии ш.Санкт-Петербург таҳсил мекунанд, мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ Роҳбари намояндагӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.
АКСҲО: ВКХ ҶТ











Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






