Миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид

Апрель 13, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ 11 апрел зимни мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён ба имзо расонида шуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои ҷалби таҷриба ва инноватсияи Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои обёрии қатрагӣ, гармхонаҳои шакли кореягӣ, смартфермаҳо, рақамикононии соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзии кишвар аз таҷрибаи Корея ва табодули донишҷӯён омода мебошад.

Ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Корея барои дар доираи лоиҳаҳои ҳаракати «Семаул Ундон» дастгирӣ намудани соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.

Ҳамчунин дар мулоқот дурнамои ҳамкории минбаъда ва дарёфти нави самтҳои ояндадори он баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Апрель 13, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад