Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 04.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти мамлакат даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022 оғоз мегардад. Вобаста ба баргузории озмуни мазкур ва корҳои ташкилии он мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Соли чорум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад ва сол то сол дар сифату мазмуни ин озмун пешравиҳои назаррас дида мешавад. Дар ин бора чӣ андеша доред?
З. Назруллозода: Дар ҳақиқат соли 2021 дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» собит сохт, ки сифату мазмуни озмуни мазкур сол то сол беҳтар мешавад. Ин пешравиҳо дар фарогирии бештари асарҳои хонданӣ, боло рафтани сифати омӯзишу омодагии довталабон, муносибати ҷиддитари масъулин ва устодону волидайни иштирокдорони ин озмун мушоҳида гардид. Соли 2021 барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардид, ки нисбат ба солҳои якум ва дуюм зиёд мебошад. Ин маблағ соли 2020 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ва соли 2019 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомониро ташкил медод. Мақсади асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст. Бояд гуфт, ки барои ғолибони ин озмун дар баробари мукофотҳои пулӣ якчанд имтиёзҳо низ муқаррар шудаанд. Ҳамчунин имсол омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум гардиданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гаштанд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар»: Имсол ба Низмномаи озмуни мазкур чӣ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд?
З. Назруллозода: Имсол барои баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли пешин зиёд аст. Ин маблағ соли 2021 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сиюпанҷ ҳазор) сомониро ташкил медод.
Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) ба гурӯҳи алоҳида ҷудо карда шудаанд.
Озмун аз рӯйи панҷ номина: -адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср баргузор мегардад: Инчунин иштирокчиёни номинаҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: -хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4); -хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11); донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ; омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
АМИТ «Ховар»: Дар Низомнома омадааст, ки «ғолибони даври чоруми озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок кардан надоранд». Ҳамин бандро шарҳ медодед.
З. Назруллозода: Ҳадафи ворид намудани ин тағйирот ба Низомномаи озмун ин аст, ки ба он чеҳраҳои навро ҷалб намуда, ҳамаи хоҳишмандон имкони дар он иштирок карданро дошта бошанд. Яъне барои дигарон низ имкони дар ин озмун иштирок кардан фароҳам оварда шавад. Зеро соли гузашта маълум гардид, ки баъзе аз иштирокчиёни фаъоли соли аввал бо пешниҳоди адабиёти тоза ва иваз кардани номинаҳо сазовори ҷойҳои махсус гардиданд. Инчунин тибқи Низомнома барои ин иштирокчиён имтиёзҳо ва ҳавасмандиҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
АМИТ «Ховар»: Барои дастрас намудани китобҳои дар Низомнома ҷойдода аз ҷониби Вазорати маориф ва илми мамлакат чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
З. Назруллозода: Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои бартараф намудани мушкилоти норасоии китобҳо дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар шакли CD ва электронӣ адабиёт ҷамъоварӣ шуда, ба тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат дастрас гардидаанд.
АМИТ «Ховар»: Тавре мушоҳида мегардад, озмуни мазкур барои ба китобхонӣ майлу ҳавас пайдо кардани насли наврас мусоидат намуд. Барои ҷалби бештари онҳо ба мутолиа боз кадом корҳоро анҷом додан мумкин аст?
З. Назруллозода: Барои ин, пеш аз ҳама, бояд падару модарон ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани кӯдак, таъмини моддии ӯ, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии фарзанд низ бояд кӯшиш ба харҷ дод. Дар мутолиаи китоб, пеш аз ҳама худи волидайн бояд барои фарзандон намунаи ибрат бошанд. Онҳо бояд муҳаббати китобро дар дили кӯдак бедор кунанд. Дар иду айём ба фарзандон китоб туҳфа намуда, талқин созанд, ки китоб дӯсти беҳтарини онҳост. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд. Кӯдакон афсонаву шеърҳоеро, ки ба онҳо заруранд, тез мутолиа ва қироат мекунанд. Пеш аз ҳама, ҳамкории падару модар бо муассисаҳои таълимӣ бояд хуб ба роҳ монда шавад. Волидайн бояд аз раванди азбаркунии дониши фарзанди худ огоҳ бошанд. Барои афзудани муҳаббати хонанда ба мутолиа нақши омӯгорон низ нақши асосӣ доранд.
Дар ин радиф китобхонаҳо низ бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ зарур аст, ки ҷавонон бештар ба мутолиа машғул бошанд ва идомабахшони роҳи эҷоду пайравони воқеии абармардони сухану ҳунари тоҷик гарданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»