Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияҳои Носири Хисрав, Қубодиён ва Шаҳритус шинос шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода намудани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва аз ҳар қитъа гирифтани се-чор ҳосил аз ноҳияҳои Носири Хисрав, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияҳои мазкур барои истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, интихоби навъҳои ҳосилхезу минтақабоби тухмиҳо, сари вақт гузаронидани коркарди агротехникии майдонҳои кишт, ҳамкории доимӣ бо кишоварзон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба масъулин дастурҳои зарурӣ ва ба деҳқонон тавсияҳо дода шуданд.
Дар ҷараёни боздид аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода роҳбарияти ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати таъмиру тармими босифати насосҳои обкашӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешанд.


Ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва раисони ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партови дар ҳудуди ин ноҳияҳо мавҷуда тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои назорати иҷрои қатъии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, назорати истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замин ва таъмин намудани майдонҳои кишт бо оби полезӣ тибқи меъёри муайянгардида супоришҳо дода шуданд.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ








Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид






