Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз гармхонаҳои ноҳияи Шаҳринав дидан намуд
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ба ноҳияи Шаҳринав рафтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Муовини Сарвазири мамлакат ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ҳамроҳӣ намуда, аз фаъолияти якчанд гармхонаи ноҳия дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат масоҳати гармхонаҳо ба 6,71 гектар расонида шуда, дар онҳо бештар помидор, бодиринг ва растаниҳои ситрусӣ парвариш карда мешаванд.

Сулаймон Зиёзода зимни мулоқот ҷиҳати зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дастраси мардум гардонидани маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол ба кишоварзон миннатдорӣ изҳор намуда, ба масъулин дар ин ҷода маслиҳату дастурҳои судманд дод.
Ҳамчунин муовини Сарвазири ҷумҳурӣ дар маъракаи кишти пахта дар кооперативи истеҳсолии «Наврӯз» иштирок намуда, гуфт, ки вобаста ба мусоид омадани обу ҳаво дар фурсатҳои камтарин ба кишти пахта хотима бахшида, ҳамзамон ба тамоми намуди зироати кишоварзӣ, бахусус ғалладонагиҳо, полезиҳо ва ангуру меваҳо бетаъхир об монанд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






