Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати кишвари иқомат Сергей Катирин 1 апрел баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарокат миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намуданд.
Д. Гулмаҳмадзода ва С. Катирин зарурати баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид карданд. Дар ин росто, ҷонибҳо ба масъалаи афзоиши содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар самти тичорат, иқтисод ва сармоягузорӣ изҳор карданд.
АКС: ВКХ Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






