Шараф Шерализода бо мудирони кишварии Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

Апрель 11, 2022 10:28

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ва мудири кишварии ин ниҳоди молиявӣ дар Афғонистон Мелинда Гуд 7 апрел баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкории баъдӣ дар соҳаи энергетика ва тандурустиро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ  дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Апрель 11, 2022 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид