ШУРӮЪ АЗ 1 ИЮН ДАР АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ ИСТИФОДАИ ХАЛТАҲОИ ПЛАСТИКӢ МАНЪ КАРДА МЕШАВАД. Ҳукумати Тоҷикистон низ ин корро амалӣ намуданист
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии ҳифзи муҳити зисти Абу-Заби (EAD) аз 1 июн дар саросари аморот истифодаи халтаҳои пластикиро манъ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, дар ин бора дирӯз, 6 апрел Агентии иттилоотии АМА маълумот додааст.
Тадбири мазкур як қисми сиёсати маҷмӯиест, ки мақомоти Амороти Муттаҳидаи Араб дар соли 2020 барои ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим оғоз кардаанд. Ба гуфтаи агентӣ, манъи истифодаи халтаҳои пластикӣ бо мақсади кам кардани зарар ба саломатии инсон ва коҳиши мизони партовҳо пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки то моҳи июн мақомоти Абу-Заби барои шинос намудани тамоми сокинони аморот бо қоидаҳои нав маъракаи миқёсан васеъ анҷом медиҳад.
Дабири кулли EAD Шайх Салим Ал Даҳерӣ гуфт, ки «ин ташаббус дар ҳамкории зич бо корхонаҳои хусусӣ, ки дар маъракаҳои агентӣ фаъолона иштирок мекунанд, амалӣ карда мешавад».
Илова бар ин, ӯ таъкид намуд, ки «мақомоти Абу-Заби имконоти шурӯи маъракаи қабули шишаҳои пластикиро бар ивази мукофоти пулӣ меомӯзанд». Ал Даҳерӣ ҳамчунин афзуд, ки «то соли 2024 сокинони аморот метавонанд аз истифодаи пурраи пиёла, табақ ва зарфҳои ғизоии яккарата даст кашанд».
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дода буд, истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон низ манъ карда мешавад. Дар Тоҷикистон ба ҷои халтаҳои полиэтиленӣ метавонанд халтаҳои пахтагии пастсифат истифода баранд. Ин пешниҳодро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар истеҳсоли пахта ба таври васеъ рушд кардааст, аз ин рӯ метавон аз истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ки ба муҳити зист зарароваранд, даст кашид. Маҳз онҳо аксари партовҳои маиширо дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Б. Шерализода дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфтааст, ки мақомоти ҷумҳурӣ ният доранд истифодаи чунин халтаҳо ва бастаҳои пластикиро кам кунанд. Бо мурури замон воридоти онҳо ба кишвар манъ карда мешавад.
Раиси КҲМЗ зикр кард, ки Маҷмааи Умумии СММ тасмим гирифтааст, ки 170 кишвар давоми 10 сол аз истифодаи пластика даст кашанд. Бисёр давлатҳо аллакай ин талаботро иҷро намудаанд.
Шерализода зикр намуд, ки сокинони Тоҷикистон ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Инро таҷрибаҳое, ки дар мағозаҳои шаҳр гузаронида шудаанд, нишон медиҳад. Ба ҷои халтаҳои пластикӣ харидорон халтаҳои коғазӣ ё катонӣ истифода мебурданд.
Илова бар ин, мақомоти кишвар ҳамкориро бо корхонаҳои хусусии коркарди партовҳо рушд медиҳанд.
АКС: аз манбаъҳои боз








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид






