СОДИРОТИ ЗАРДОЛУИ ТОҶИКИСТОН БА БОЗОРҲОИ АВРУПО: ИМКОНОТ ВА МУШКИЛОТ. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Апрель 13, 2022 09:46

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар  дода буд, маҳсулоти яке аз корхонаҳои муваффақи Тоҷикистон — ҶДММ «Баракат–Исфара», ки ба банду баст ва коркарди мева, хосатан зардолу машғул мебошад, ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Русия содирот гардида, дар Чехия, Туркия ва  Канада серхаридор мебошад. Ҳамзамон минбаъд содироти маҳсулоти корхона ба Малайзия низ ба роҳ монда мешавад.

Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» пайи таҳлили имконот ва мушкилоти содироти зардолуи Тоҷикистон ба хориҷ гардид, ки дар зер пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Тайи солҳои охир дар Тоҷикистон боғҳои зардолу  васеъ гардида, кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Хусусан дар самти бунёди боғ ва истеҳсоли зардолу таҷрибаи хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шоистаи омӯзиш аст.

Тибқи маълуоти оморӣ, дар Тоҷикистон 160 ҳазор га боғҳои зардолу мавҷуд буда, 56 ҳазор га дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. 46 ҳазор га боғи зардолу дар ҳудуди вилояти Суғд, 5 ҳазор га — дар вилояти Хатлон, 2 ҳазор га — дар ноҳияҳои тобеи марказ ва 500 га — дар ВМКБ ҷойгир аст. Истеҳсоли солонаи мева дар кишвар 423 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

«Содироти меваи хушк соли 2021 назар ба соли 2020 ба маблағи 9 миллион доллар зиёд шуда, бештар ба Русия, Қазоқистон ва Ироқ интиқол меёбад. Содироти зардолуи тару тоза соли 2021 нисбат ба соли 2020 ба маблағи 44 ҳазор доллар коҳиш ёфтааст», — гуфт корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатор Каримов.

Бо мақсади беҳтаргардонии рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёнаи кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои содиротӣ лоиҳаи «Мусоидат ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ барои маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми беҳтаргардонидаи бехатарии хӯрокворӣ» аз ҷониби Маркази Байналмилалии Тиҷорат таҳия ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвар татбиқ карда шуд.

«Ҳадафи мо баланд бардоштани сатҳи дониши истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони ин маҳсулот мобошад. Ҳангоми пешбурди барнома ва амалӣ гардонидани якчанд чорабиниҳо маълум гашт, ки истеҳсоли маҳсулоти мазкур он қадар бехатар нест. Маҳсулоти охирине, ки ба истеъмолкунандагон чи дар бозори дохилӣ ва чи хориҷӣ пешниҳод мешавад, ба талаботи байналмилалӣ нисбат ба сифат ва бехатарӣ ҷавобгӯ намебошад”- иброз намуд ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи STDF Қосим Қурбонов.

Дар доираи лоиҳаи мазкур бо мушорикат ва мусоидати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии «Тоҷикстандарт» чорабиниҳои зиёде амалӣ гардиданд.

ҶДММ «Баракат Исфара» моҳи феврали соли 2022 соҳиби сертификати байналмилалии сифат ХАССП гардид. Доштани сертификати ХАССП ин маънои онро дорад, ки корхонаи истеҳсолӣ системаи назорати сифати маҳсулотро дар асоси талаботи стандарти байналмилалии «Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия» (ISO) ба роҳ монда, сифат ва бехатарии маҳсулоти ин коргоҳ пурра таъмин аст.

«Сертификати ХАССП (Hazard Analysis and Critical Control Points (HACCP)) барои истеҳсоли бехатари маҳсулоти хӯрокворӣ кумаки амалӣ мерасонад. Тибқи қонунгузории кишвари мо, доштани ин сертификат барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатмист. Ин сертификат имкон медиҳад, то маҳсулоти “Баракат Исфара” ба бозорҳои дилхоҳ кишвари олам роҳ ёбад», — тазаккур дод STDF Қосим Қурбонов.

Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ талабгорони зиёд доранд. Тоҷикистон бештар зардолуро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот мекунад. Бештари боғҳои зардолу дар вилояти Суғд ҷойгиранд ва корхонаҳои коркарди мева низ онҷо зиёд мебошанд.

«Соли гузашта ҳосил нашуд, солҳои пешин мо дар як моҳ то 20 тонна маҳсулот истеҳсол мекардем, вале ҳоло ҳам нархи зардолу баланд шуд ва ҳам маҳсулот чандон харидор надорад, аз ин рӯ истеҳсолотамон кам шудааст», — иброз дошт директори ҶДММ «Шафӣ ТҶ» Абдуғафур Ғафурзода, ки дар шаҳри Исфара  фаъолият дорад.

Айни ҳол дар шаҳри Исфара 20 корхонаи коркарди меваю сабзавот ва дигар корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд, ки маҳсулоти онҳо ба содирот нигаронида шудааст.

Имконоти мавҷудаи кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо баҳри роҳ ёфтан ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо паҳлӯи мусбати масъала аст.


Бино ба иттилои сардори Раёсати кор бо Созмони ҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рукнуддини Лутфулло, дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи низоми мавҷуда, кишварҳои аъзои СУС метавонанд зиёда аз 6-ҳазор номгӯй молу маҳсулоти ватаниро бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо содирот намоянд. Ҷавобгӯ будани маҳсулот ба стандартҳои байналмиллалӣ талаботи аслӣ мебошад ва зардолу низ дар шакли хушку тар шомили ин рӯйхат аст.

Бо вуҷуди чунин имконот мо дар ҳоле метавонем ба бозорҳои Аврупо роҳ ёбем, ки бехатарии маҳсулоти аз зардолу омодашударо таъмин созем. Мавҷуд будани афлотаксину микотаксинҳо, яъне боқимондаи антибиотикҳо дар таркиби маҳсулоти аз зардолу омодашуда ба солимии инсон таъсири ҷиддӣ дошта, тибқи стандарти мавҷуда 0,005 милиграм дар 1 килограм маҳсулот муайян шудааст ва нишондоди аз ин зиёд маънии онро дорад, ки маҳсулот ғайри қобили истеъмол аст. Инчунин мавҷуд будани пеститсидҳо, яъне боқимондаи заҳрхимикатҳое, ки дарахтони зардолу бо он коркард карда мешаванд, ба солимии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад ва ҳангоми мавҷуд будани меъёри зиёди микотаксинҳо, афлотаксинҳо ва пеститсидҳо дар таркиби зардолуи хушк ва маҳсулоти аз зардолу омодашуда имкони роҳ ёфтан ба бозорҳои аврупоӣ ғайриимкон мегардад.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сифат ва бехатарии ҳама гуна маҳсулоти хӯрокворӣ, чи содиротӣ ва чӣ воридотӣ масъул буда, марказҳои миллии ташхиси он дар саросари кишвар фаъолият мекунанд.

«Соҳибкороне, ки маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд, намунаи онро ба мо мефиристанд ва мо дар асоси стандартҳои байналмилалие, ки тибқи шартномаҳои ҳамкории байнидавлатӣ мавҷуданд, санҷида,  сертификати сифат медиҳем», — зикр кард корманди Маркази миллии ташхиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Сайлӣ Каримова.

Вале, мутаасифона, айни ҳол чӣ зардолуи хушк ва чӣ маҳсулоти аз зардолу омодашуда, ки дар бозорҳои дохили кишвар фурӯхта мешаванд, бидуни санҷиши лабораторӣ оид ба муайян намудани микотаксинҳо, афлотаксинҳо ва пеститсидҳо дар таркиби он дастраси истеъмолкунандагон мегарданд.

Ба андешаи роҳбарияти Маркази миллии ташхис, дастгоҳу таҷҳизот барои гузаронидани чунин санҷишҳо мавҷуданд, вале ин гуна санҷишҳо гузаронида намешаванд, чунки бозорҳои Русия, ки меваи хушки зардолу бештар ба ин кишвар содирот мешавад, танҳо санҷишро оид ба мавҷудияти миқдори сера, ба истилоҳ олтингӯгирд талаб мекунанд. Содирот ба кишварҳои аврупоӣ ҳанӯз ҳам ба роҳ монда нашудааст.

«Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои дохили кишварро Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Точикстандарт»  бар дӯш дорад. Стандарти DDP15, ки фарогири ҳамаи талаботи сифат ва стандарти вобаста ба коркарди зардолу мебошад, қабул гардид ва айни ҳол барои истеҳсолкунандагону соҳибкорон пешниҳод шудааст. Ҳангоми шиносоӣ бо ин стандарт соҳибкор вобаста ба талаботи стандарти байналмилалӣ, тасаввуроти комил пайдо мекунад», — гуфт корманди Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Точикстандарт» Азалшоҳ Воҳидзода.

Бемориҳо ва ҳашароте, ки дар дарахтони мевадиҳанда пайдо шуда, боиси талафи ҳосил мегарданд ва ё ба сифату бехатарии мева таъсири манфӣ мерасонанд, зиёданд. Мушкилоти дигар- ин истифодаи нодурусти заҳрхимикатҳо ҳангоми коркарди дарахтони зардолу мебошад. Боғдорон бояд на танҳо қоидаҳои агротехникиро донанд, балки оид ба номгӯй ва тарзи дурусти истифодаи заҳрхимикатҳо маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

«Талабот ба ҳолати таксикологии маҳсулоти хӯрокворӣ сахттар шуда истодааст. Мо бояд ба усулҳои биологии мубориза бар зидди ҳашарот ва бемориҳо рӯ биёрем, чунки миқдори пеститсидҳо, ки дар таркиби мева боқӣ мемонад, маҳсулотро барои инсон хатарнок месозад. Ин масъала на танҳо барои содирот, балки барои бозори дохилӣ низ хеле муҳим аст. Имрӯз дар кишварҳои пешрафта то 98% зараррасонҳо ва бемориҳо бо усулҳои биологӣ нест карда мешаванд», — таъкид намуд  муовини директори Институти боғу токпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Алиф Толибов.

Ташхисҳо ба 3 гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: энтомологӣ, фитопотологӣ ва нермологӣ. Касалиҳое, ки дар боғҳои зардолу нисбатан зараровар ва паҳншудаанд, ин тсеркоспароз мебошад, ки ба сӯрохшавии дарахтони зардолу оварда мерасонад. Инчунин монолеоз, сӯхтагии бактериягӣ, касалиҳои вирусӣ ва зараррасонҳое, мисоли ҳашароту тортанакҳо, тиллоғузаки туркистонӣ, ки ба дарахтони зардолу таъсири манфӣ мерасонанд.

Истифодаи заҳрхимикатҳо ҳангоми мубориза бар зидди ҳашароту бемориҳо на танҳо бехатарии меваро зери суол мебарад, балки энтомофакҳо, яъне ҳашароти фоидаовареро, ки мавҷудияти онҳо дар табиат муҳим аст, нест мекунад ва бо гузашти муддати муайян ин беморӣ ва ё ҳашароти зараровар аз пештара дида зиёдтар мегардад.

Бо имкону иқлими мусоид ва хоку обе, ки сарзамини мо ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ рӯи даст дорад, метавон масоҳати боғҳои зардолуро афзун намуда, на танҳо меваи тару хушки он, балки маҳсулоти аз ин меваи барои саломатии инсон зарур омодашударо ба хориҷи кишвар содирот кард ва аз ин ҳисоб ҳам шумораи ҷойҳои кориро афзун ва ҳам сатҳи иқтисоди мамлакатро боло бурд.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 13, 2022 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод