Созмони умумиҷаҳонии савдо ду баробар коҳишёбии суръати рушди тиҷоратро дар ҷаҳон пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) коҳишёбии суръати рушди тиҷорати ҷаҳониро дар соли 2022 аз 4,7% то 2,4-3% гузориш додааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба ТАСС.
Коҳиши тиҷорат ва истеҳсолотро мардуми саросари ҷаҳон ба далели «беш аз пеш баланд гардидани нархи маводи ғизоӣ ва энергия ва ҳамчунин коҳиши дастрасии молҳои содиротии Русия ва Украина» эҳсос менамоянд. Аз ин рӯ, давлатҳое, ки даромад ба ҳар сари аҳолияшон паст аст, ба «хатари калонтар» мувоҷеҳ мегарданд, зеро онҳо нисбат ба кишварҳое, ки сарватманданд, ҳиссаи бештари даромади худро барои озуқа сарф мекунанд.
Русия ва Украина таъминкунандагони асосии «маҳсулоти муҳим», аз қабили озуқа ва энергия ҳастанд. «Аврупо, ки макони асосии самти содироти Русия ва Украина мебошад, эҳтимол дорад таъсири гарони иқтисодиро бар дӯш гирад. Дар ҳамин ҳол муаллифони гузориш ҳамчунин Африқо ва Шарқи Наздикро «минтақаҳои осебпазир» арзёбӣ намудаанд, зеро онҳо беш аз нисфи зиёди ғаллаи худро аз Русия ва Украина ворид менамоянд.
СУС аз «таваккалҳои дарозмуддат» бо далели ҳаводиси Украина ҳушдор дод: ин эҳтимоли «пароканда шудани иқтисоди ҷаҳонӣ ба блокҳои алоҳида» аст. «Таҳримҳои иқтисодӣ метавонанд боиси он шаванд, ки иқтисодҳои бузург бар асоси ҳисобҳои геополитикӣ ба сӯи «ҷудошавӣ» аз дигарҳо ҳаракат кунанд, то ба худкифоии бештар дар истеҳсолот ва тиҷорат ноил шаванд», — мегӯянд коршиносон.
Ба ақидаи онҳо, ҳатто агар дар ҷаҳон «блокҳои расмӣ»-и нав вуҷуд надошта бошанд ҳам, «бозингарони хусусӣ» метавонанд кӯшиш кунанд, ки «бо роҳи тағйир додани занҷирҳои таъминот хатарҳоро ба ҳадди ақалл расонанд».
Акс аз бойгонӣ








Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000 барои ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуд
Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд






