Созмони умумиҷаҳонии савдо ду баробар коҳишёбии суръати рушди тиҷоратро дар ҷаҳон пешгӯӣ мекунад

Апрель 13, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)  коҳишёбии суръати рушди тиҷорати ҷаҳониро дар соли 2022 аз 4,7% то 2,4-3% гузориш додааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба ТАСС.

Коҳиши тиҷорат ва истеҳсолотро  мардуми саросари ҷаҳон ба далели «беш аз пеш баланд гардидани  нархи маводи ғизоӣ ва энергия ва ҳамчунин коҳиши дастрасии молҳои содиротии Русия ва Украина» эҳсос  менамоянд. Аз ин рӯ,  давлатҳое, ки даромад ба ҳар сари аҳолияшон  паст аст, ба «хатари калонтар» мувоҷеҳ мегарданд, зеро онҳо нисбат ба кишварҳое, ки сарватманданд, ҳиссаи бештари даромади худро барои озуқа сарф мекунанд.

Русия ва Украина таъминкунандагони асосии  «маҳсулоти муҳим», аз қабили озуқа ва энергия ҳастанд. «Аврупо, ки макони асосии самти содироти Русия ва Украина мебошад, эҳтимол дорад таъсири гарони иқтисодиро бар дӯш гирад. Дар ҳамин ҳол муаллифони гузориш ҳамчунин Африқо ва Шарқи Наздикро  «минтақаҳои осебпазир» арзёбӣ намудаанд, зеро онҳо беш аз нисфи зиёди ғаллаи худро аз Русия ва Украина ворид менамоянд.

СУС аз «таваккалҳои дарозмуддат» бо далели ҳаводиси Украина ҳушдор дод: ин эҳтимоли «пароканда шудани иқтисоди ҷаҳонӣ ба блокҳои алоҳида» аст. «Таҳримҳои иқтисодӣ метавонанд боиси он шаванд, ки иқтисодҳои бузург бар асоси ҳисобҳои геополитикӣ ба сӯи «ҷудошавӣ» аз дигарҳо ҳаракат кунанд, то ба худкифоии бештар дар истеҳсолот ва тиҷорат ноил шаванд», — мегӯянд коршиносон.

Ба ақидаи онҳо, ҳатто агар дар ҷаҳон «блокҳои расмӣ»-и нав вуҷуд надошта бошанд ҳам, «бозингарони хусусӣ» метавонанд кӯшиш кунанд, ки «бо роҳи тағйир додани занҷирҳои таъминот хатарҳоро ба ҳадди ақалл расонанд».

Акс аз бойгонӣ

Апрель 13, 2022 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд