Sputnik: Путин ба варзишгарони Тоҷикистон баҳои баланд дод

Апрель 27, 2022 12:17

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин паралимпичиёни тоҷикро дастаи қавӣ номид. Ӯ таъкид намуд, ки Москва барои ҳамкории фарох ва созанда бо ҳар касе, ки асосҳои варзишро қадр мекунад, омода аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik» хабар дод.

«Мо аз қабули ҳамаи онҳое, ки варзишро бидуни табъиз ва маҳдудияти сунъӣ, барои идеалҳои он – тимсоли адолат, баробарӣ ва муборизаи одилона ҷонибдорӣ мекунанд, шодем»,- гуфт Путин.

Ба гуфтаи президенти Русия, яке аз нишонаи тасдиқи ин гуфтаҳо- бозиҳои зимистонаи «Мо бо ҳамем. Варзиш» мебошанд, ки дар Ханта-Мансийск барои пурзӯртарин варзишгарони паралимпӣ ташкил карда шуданд.

«Ин, ки паралимпиёчиёни Русия ва Беларус – яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳонанд, далели воқеист. Онҳо сеяки ҳамаи ҷоизаҳоро дар чемпионатҳои ҷаҳон сазовор гаштаанд»,-изҳор дошт Путин зимни мулоқот бо ғолибони Олимпиада ва Паралимпиада дар Пекин.

Ғайр аз ин, зикр намуд президент, дастаҳои мунтахаби паралимпийчиёни Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар мусоюбиқа иштирок доштанд, пурқувваттарин мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои «Мо бо ҳамем. Варзиш» аз 18 то 21 март дар шаҳри Ханта-Мансийски Русия доир гардиданд. Дар он паралимпичиёни тоҷик бо роҳбарии раиси Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Парвиз Бобошарифов иштирок намуданд. Ба дастаи миллии Тоҷикистон ба ғайр аз ӯ Суннатуло Ғаффоров (лижаронии кӯҳӣ), Сиёвуш Илёсов (лижатозӣ), Илҳомиддин Абдуллоев (мураббии лижаронӣ) ва Сафарбек Саидов (мураббӣ оид ба барномасозии тамринҳо) шомил буданд.

АКС: аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2022 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид