ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 апрел, чоршанбе, 96-умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 6, 2022 08:00

6 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфтанд.

***

10 сол пеш, 6 апрели соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Германия Штефан Колерро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе хатсайри нави сайёҳии «Сайри гули лола» ташкил шуд.

6 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот.

***

Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ.

***

Рӯзи геологҳо.

РӮЙДОДҲО:

6 апрели соли 2016 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» иттилоъ дод, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Арбоби давлатии Қазоқистон Нурлан Каппаров бо иштироки дастаҳои наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши Тоҷикистон доир гардид. Дар он даста таҳти роҳбарии мураббӣ Сафаралӣ Раҳмонов сазовори ҷойи дуюм гардид.

***

6 сол қабл, 6 апрели соли 2016 дар шаҳри Искандарияи Миср 2-юмин конфронс дар мавзӯи «Нақши Мовароуннаҳр дар ғанигардонии тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.

***

6 апрели соли 2016, 47 нафар аз Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) дар озмуни шеърхонон, ки бо ташаббуси ҷамъияти Пушкин бахшида ба Рӯзи байналмилалии шеър доир шуда буд, иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар  километри 95-уми шимолу шарқи Рим заминларза бо қувваи 6,3 балл ба амал омад, ки дар натиҷа  293 нафар ҷони худро аз даст доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 дар ИМА аввалин моҳвораи тиҷоратӣ дар самти алоқа сар дода шуд.

***

Соли 1896 дар Афина аввалин бозиҳои олимпии муосир ифтитоҳ ёфтанд.

 

 

Апрель 6, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш