ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд бо масъулини соҳаи савдо мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паёми навбатиашон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо мулоқот баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Таҳмина Усмонова оид ба қарорҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят «Дар бораи манъ намудани фурӯши маҳсулоти хӯроквории тезвайроншаванда, хӯришҳои консервашудаи дар шароити хона тайёршуда, истеҳсол ва фурӯши яхмос ва нӯшокиҳои ташнагишикан дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ», ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулоти хӯроквории зикршуда ба тасвиб расидаанд, иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки бархе аз ин маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулот ва нишондодҳои реквизитӣ ба савдо пешниҳод гардида, дар ҷойҳои хизматрасонӣ мавҷуд набудани шароити шустушӯ ва безараргардонии зарфҳои истфодашуда, набудани шароити нигоҳдорӣ ва воситаҳои техникӣ, бевосита дар зери нури офтоб ҷой доштани онҳо ва риоя накардани талаботи одитарини санитарию гигиенӣ, эҳтимоли пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемориҳои шадиди меъдаю рӯда, заҳролудшавӣ ва бемориҳои сироятии оммавии бо ғизо ва ба об алоқамандро дар байни аҳолии вилоят зиёд мегардонанд.
Таҳмина Усмонова аз роҳбарони бозорҳо ва марказҳои савдои хӯрокворӣ қатъиян талаб намуд, ки зимни фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ риоя намуда, шароити нигоҳдории онҳоро тибқи муқаррарот ба роҳ монанд. Ҳангоми интиқоли чунин маҳсулот аз нақлиёти махсус, ки дорои шаҳодатномаи санитарӣ мебошанд, истифода намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






