Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд маркази логистикӣ таъсис диҳанд

Апрель 19, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд, ки  маркази логистикӣ таъсис диҳанд. Ин масъала зимни мулоқоти  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва захираҳои маъдани Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Бандар Алхораиф,  ки ба таври маҷозӣ сурат гирифт, баррасӣ шуд,  иттилоъ  медиҳад маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави  мамлакат.

Зикр гардид, ки маркази логистикӣ савдои байни кишварҳоро афзоиш дода, молу маҳсулотро нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ зудтар интиқол медиҳад ва молҳоро маблағгузорӣ  мекунад.

Шералӣ Кабир афзуд, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фановариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад. Пойгоҳи логистикӣ- ин Маркази  бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.

Сохтмони маҷмааҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар бисьёр кишварҳои ҷаҳон маъмул гардидааст. Парки логистикӣ ҷараёни борро муттаҳид мекунад — молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анбор тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи он- қобилияти бор карда фиристодани маҳсулот тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт ва пурра кардани мол мебошад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид